Рубрики
Асосӣ

АШТ: Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ашт

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ санаи 15-июни соли равон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии дар назди Понғози болои Ҷамоати деҳоти Понғоз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода  ва  аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор гардид.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди  Понғози боло – Қосимова Мавҷуда   доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисобот дод.

         Сипас, Хушнуд Каримзода – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ба сухан баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро қаноатбахш ҳисобид. Ҳамчунин Қосимова Мавҷуда-ро барои интихоби дубора раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур гардидан пешниҳод намуд, ки бо ҷонибдории аъзоёни ҲХДТ  дубора раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Понғози боло интихоб гардид.

Инчунин оид ба дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлоли  Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, рафти амалиёти “Шаҳодатномаи ман – ифтихорӣ ман” ва рафти обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” суханронӣ намуданд.

Суратгузориш аз рафти маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *