Рубрики
Асосӣ

АШТ: Идомаи мулоқоту вохӯриҳои судманд дар деҳаи Равоти ҷамоати деҳоти Меҳробод ва таъсиси нави ташкилоти ибтидоии ҳхдт дар ноҳияи Ашт

Ҷиҳати иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 04.04.2022 сол таҳти №26 ва дар асоси нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба давъати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаби замин ва дар мавзӯи “Фазои иттилоотии кишвар, ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолият ва таъмини амнияти миллӣ” идомаи вохӯриву мулоқотҳои судманд ва маҷлиси муасисони ташкилоти ибтидоӣ дар бораи таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи Равоти Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо фаъолону собиқадорон, занону ҷавонон, омӯзгорон ва сокинони деҳаи Равоти Ҷамоати деҳоти Меҳробод доир гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Х. Каримзода доир ба даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаби замин, доир ба дастовардҳои замони истиқлолият, рушди иқтисодии кишвар, рушди соҳаи саноат, раванди боссозии сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, нақши дин ва миллатгароӣ дар бозиҳои геополитикӣ ҷиҳати амалӣ сохтани амалҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ, рӯҳонияти маҳаллӣ ва масъалаи истифодаи он дар бозиҳои геополитикӣ, аз байн бурдани ақидаҳои бегона, вазъи дохилӣ, омилҳои осебпазир дар фазои иттилоотии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ, истифодаи телфонҳои мобилӣ, пайвастшавӣ ба сомонаҳои таблиғотии ТТЭ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фикру андешаҳои худро мавриди назар кард.

Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд дар бораи таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи Равоти Ҷамоати деҳоти Меҳробод, маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоиро оғоз намуда, доир ба амалӣ гардидани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ва пешбурди корҳои ҳизбӣ фикру андешаҳои худро мавриди назар кард.

Барои дар оянда нишон додани фаъолияти пурсамари деҳа ташкилоти ибтидоӣ “деҳаи Равот” номгузорӣ карда шуда, бо пешниҳоди иштирокчиёни маҷлис, собиқадори ҳизбу меҳнат Солиев Абдулазиз раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи Равот ва котиби он Эгамов Имомалӣ – директори МТМУ №38-и деҳаи Рафот интихоб карда шуд, ки аз ҷониби фаъолону сокинони деҳа хуб пазируфта шуд.

Сипас раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи Равот Солиев Абдулазиз ба сухан баромада, зикр карданд, ки дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ва дар пешрафту ободонии кишвар ҳамеша саҳми беандозаи худро мегузоранд.

Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ ба 10 –нафар ҷавонону фаъолони деҳа шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Инчунин дар анҷоми чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи Равот Солиев Абдулазизро ба муносибати 70-солагии зодрӯзашон табрик намуда, табрикотнома ва туҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Аштро тақдим намуд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *