Рубрики
Асосӣ

АШТ: Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ

Имрӯз кормандони Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маводи хӯрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар маҳаллаи Бинокорни Ҷамоати шаҳраки Шайдон ба роҳ монданд.

Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулини кумиҷроия доир ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, аз як замин гирифтани ду се ҳосил ва ба ин восита оилаи худро таъмин намудан, инчунин, ҷиҳати пурзӯр гардонидани роҳҳои пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷалб гардонидани ҷавонон махсусан, наврасон дар таътили тобистона ба корҳои кишту кор дар заминҳои наздиҳавлигӣ, мутоилаи китобҳои илмиву бадеӣ, омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ ва дар ин рӯҳия тарбия намудани онҳо бо сокинон суҳбат намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *