Рубрики
Асосӣ

АШТ: Истиқлолият –падидаи нодиртарини ҳаёти тоҷикон

Истиқлолият пурарзиштарин дастоварди давлату миллати соҳибтамаддуни тоҷик аст, ки 31 сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин дастоварди бузург 9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи халқи тоҷик сабт ва расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт инҷониб ин санаи муборак барои миллати мо иди муқаддас ҳисоб мешавад.
Воқеан, вақте сухан дар бораи нодиртарин падидаи ҳаёти тоҷикон Истиқлоли давлатӣ меравад, симои абармарди арсаи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қаҳрамони асили даврони аср ва поягузори Истиқлоли давлатӣ пеши назар ҷилвагар мегардад.
Тоҷикистон давоми 31- соли Истиқлолият зери сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист, ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.
Бояд ёдовар шуд, ки Сарвари маҳбуби кишварамон дар замоне, ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги таҳмилӣ қарор дошта, хавфи аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ба миён омада буд. Хиёнаткорони ватан бо маслиҳатҳои хоҷагони хориҷии худ вазъияти кишварро то ба он дараҷа муташанниҷ сохта буданд, ки тамоми шохаҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд.
Хушбахтона зимоми давлатдориро дар ин ин вазъияти хеле ногувору мушкил Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳдаи худ гирифта, тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои ба кишвари аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил додани Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он равона сохтанд, ки ба тақдири минбаъдаи Тоҷикистон ва ба дили мардуми сарзамин шуълаи умед ба ояндаи дурахшон пайдо гардид. Бо ҳамин ниятҳои нек барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан иқдомҳои наҷибу чорасоз, қадамҳои қавитар гузоштанд ва миллатро ба самти созандагиву ободонӣ раҳнамоӣ карданд.
Ин талошу муборизаҳои Роҳбари давлат барои ҳифзу нигоҳдории якпорчагии миллат ва Истиқлоли давлатӣ буд, ки имрӯз натиҷаи ин талошу муборизаҳоро метавон дар сулҳу субот, оромии кишвар ва зиндагии шоистаи мардум дид.
Бояд гуфт, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст.
Акнун замони он расидаст, ки мардум бо диди тоза ба оянда нигаранд, дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд ва вобастаи касе набошанд. Бо душманони аёну ноаён, ки ба ин миллат бо нигоҳи бадхоҳона назар доранд, онҳо намехоҳанд, миллате, ки номардиҳои таърихро таҳаммул карда, бо орзуву умеди чандинҳазорсолаи худ тавонист, давлати наве бунёд кунад, дар ҷой қарор надоранд, кӯшиш менамоянд бо мақсадҳои нопоку разилонаи худ оромии ҷомеаро халалдор намоянд, бояд мо мубориза бар зидди ин хоинони миллат барем. Нагузорем, ки онҳо бо амалҳои зишти худ миллатро зери хатар гузоранд.
Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳ бояд аз бегонапарастиву ҷаҳолат канораҷӯй бошад ва ин неъмати бебаҳо яъне Истиқлоли марзу буми худро дӯст дорад, Ватанашро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, муқаддасоти миллию давлатиро ҳифз намояд. Зеро ин рисолати фарзандӣ ва қарзи виҷдонии ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

                                        Мудири шуъбаи кор бо занони 
                                                                  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт
                                                                  Зиёбидинова Г.С.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *