Рубрики
Асосӣ

АШТ: Истиқлолият – рамзи давлатдории миллӣ

Истиқлолияти Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ аст ва ояндаи дурахшони миллат аз ин ганҷина вобастагии калон дорад. Замоне буд, ки миллати тоҷик дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт. Бо амри таърих 31сол аст, ки Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф менамоянд. Ин саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат бо  ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. Имрӯз кишвари мо роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, таваҷҷуҳ менамояд. Бо шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, имрӯз кишвари моро чун шарики стратегӣ мешиносанду ҳамкорӣ менамоянд.

Баҳри боз ҳам рушд ёфтани  кишвари азизамон ва боло рафтани мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ  қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки талош намоем.

Дар ҳақиқат,  имрӯз дар фазои Истиқлолият ва сулҳу субот кулли ҷомеа сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд. Аз оромию осудагӣ шоирон шеъри сулҳ мегӯянду мусаввирон расми муҳаббат ва садоқат тасвир менамоянд ва ҳунармандон суруди сулҳу ваҳдат месароянд. Пас, ҳамин аст Истиқлолият ва озодӣ. Дар воқеъ, Истиқлолият орзуҳои якояки моро месабзонаду зиндагиро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор месозад. Пас, мо – аҳли ҷомеа, дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама, ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош намоему таҳкимбахши Истиқлолият ва оромию осудагии кишвари хеш бошем.

    Аъзои фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  Ашуров Хушнудчон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *