Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: Конститутсия ифодагари ғояҳои давлати мустақил

Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ гардид, тӯли ин давраи назди таърих начандон тӯлонӣ ин санади муҳими тақдирсоз собит намуд, ки шакли идораи давлату давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ демократӣ ва ягона эътироф намуд.  Дар воқеъ ҳам, соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо заминагузори қабули ин санади муҳим гардид, балки зарурати таҳия ва қабули Конститутсияро ба миён овард. Аз сӯи дигар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати соҳибистиқлоли мо заминаи воқеӣ гузошта дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва рукнҳои давлатдории Тоҷикистони тозаистиқлол нақши ниҳоят муҳим гузошт.

Конститутсия маншаи шаклгирии низоми нави қонунгузорӣ арзёбӣ гардида, баҳри ширкати озодонаи ҷомеа дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идоракунии давлат мусоидат намуд. Он ҳамчун қонуни асосӣ аз дигар қонунҳо бо хусусиятҳои вижаи худ фарқ мекунад. Конститутсия муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, асоси сохтори конститутсиониро муайян менамояд ва меъёрҳои он бевосита амал мекунанд.

Конститутсия ҳамчун санади иҷтимоиву фарҳангӣ қабл аз ҳама он муносибатҳоеро таҳти танзим қарор медиҳад, ки онҳо зиндагии озодонаи инсонро таъмин мекунанд. Конститутсия роҳҳои қаноат бахшидан ба талаботи иҷтимоии аъзои ҷомеаро дар соҳаҳои маориф, илм, ҳифзи саломатӣ, фарҳанг таъминоти иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат ва оиларо муқаррар мекунад.

Тавре ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳарчи бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ, шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад».

Бо гузашти 28 соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои демократия давлати Точикистон ва ваҳдати он мустаҳкам гардонида шуда,  рушду инкишофи соҳаву сохторҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ сатҳи иҷтимоии аҳолӣ беҳтару хубтар гардида,  халқи тоҷик ба ҳаёти осоиштаву шоиста ва хушбатхтиву саодати зиндагӣ  баҳри амалӣ намудани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгони хеш саъю талош намуда истодаанд.

                                                                               КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *