Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАН–МОДАР ДАР ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо мардуми шариф ва саодатманди кишвари азизамон, Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо дарки масъулият ва ҳисси худшиносӣ зери таассуроти Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор доранд.

Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуда, фарогири тамоми масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Хурсандибахш аст, ки Пешвои миллат, зимни ироаи Паём дар баробари масалаҳои муҳими давлатдорӣ ба масъалаи занон ва нақши онҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ ба тарзи хосса истодагарӣ намуда, саҳми зан, модарро дар пешбурд ва амалигардонии сиёсати давлатӣ ниҳоят арзишманд ва калидӣ муаррифӣ намуданд.

Пешвои миллат дар тамоми мулоқоту вохӯриҳои худ ба занону бонувон бо боварӣ зикр менамоянд, ки зани тоҷик дар оила бо баробари вазифаи зан-модарро иҷро намудан, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ низ пешсаф мебошад, ки имрӯз меҳнати софдилонаи онҳоро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат вазифаҳои роҳбарикунандаро низ бар дӯши занону бонувон ниҳодааст.

        Тавре дар Паём зикр гардид, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намудааст. Зикр гардид, ки аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла қариб 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунандаро бонувону занон ташкил медиҳанд. Бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳанд, ки мо занону бонувони кишвар аз он ифтихорманд ҳастем.

Аз ин рӯ мо занону бонувон  бояд ватандӯсту ватанпараст бошем, бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба тарбияи насли наврасу ҷавон махсусан, ҷавондухтарон равона созем.

Шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *