Рубрики
Асосӣ

АШТ: Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов Зафар ва раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мадаминова Мӯтабар иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода оғоз намуда, иштирокчиён ва мардуми сарбаланди ноҳияро ба Рӯзи Президент табрик намуд.

Инчунин Мамадҷонов Зафар – раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия ва Мадаминова Мӯтабар – раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент табрик намуданд.

Сипас ба якчанд нафар аъзоёни навқабулгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *