Имрӯз дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар кӯдакистони №2 ба номи Зангула чорабинии идона таҳти унвони “Мо кӯдакони хушбахт” доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд, раиси Шӯрои собиқадорон ва кормандони комиҷроияи ноҳиявӣ иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд тамоми кӯдакону наврасонро табрику муборакбод намуда, барои кӯдакон даврони босаодати наврасӣ, осмони соф, дили беғам, оромию осудагӣ, хандаи беғубори тифлӣ, лаҳзаҳои беҳтарини умрро таманно кард.
Ҳамзамон қайд кард, ки ягона симои дилсӯзу ғамхор дар кӯдакистон ин мураббия мебошад, ки масъулияти онҳо дар назди насли наврас хеле бузург аст. Маҳз тавассути меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва навозиши гарми онҳо кӯдакон дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия меёбанд ва онҳоро низ ба ин рӯзи фархунда табрик намуд.
Пас аз сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳия чорабинии идона аз ҷониби тарбиятгирандагони кӯдакистон бо шеъру тарона, саҳнаву лаҳзаҳои ҷолиб, ва рақсҳои ҷаззоб пешкаши ҳозирин карда шуд.
Дар охир аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода ба муносибати рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба кӯдикистон ва тарбиятгирандагони он туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.