Рубрики
Uncategorized

АШТ МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ КОРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд  санаи 18-уми июни соли равон бо иштироки гурӯҳи кории вилоятӣ дар ҳайати Исматҷонов Бахтиёр  –  роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт – Хушнуд Каримзода  ва собиқадори ҳизб – Солиҷонов И дар туйхонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод мулоқоти васеъ бо сокинони касбу кори гуногун   ҷиҳати тарғибу ташвиқи натиҷаҳо аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ  баргузор гардид.

Зимни мулоқот баромадчиён қайд намуданд, ки Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя зимни сафари расмӣ дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Дар мулоқоти сарони ҳар ду кишвар доир ба риштаи дустиву бародарии миллатҳои тоҷику ӯзбек ва муносибатҳои байниҳамдигарии кишварҳои ҳарду ҷониб самимона ибрози афкор намуданд, ки он боиси боз ҳам қавитар гардидани муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва мустаҳкам гардидани бовариву эътимод нисбати сиёсати тарафайн гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *