мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳот Ифтихори ноҳияи Ашт бо мақсади ба ҷавонон расонидани моҳияти хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар суханронӣ намуд.
Дар рафти баргузории мулоқотҳо зикр намуда, ки аслан ҳар як суханронӣ ё иқдому ташаббусе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд, ҳадаф, маром, маънӣ ва моҳияти ватандӯстона дорад. Ватандӯстӣ низ дар татбиқи амалҳои созанда ва ободкорӣ ба нафъи шукуфоии Ватан зоҳир мегардад. Зикр карда шуд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Пас на танҳо дар забон, балки дар амал тамоми нерӯи худро ба он равона созем, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.
Дар охир хонандагон ҷавонони қавирода ваъда додан, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарби рафта бо сари баланд хизмати ҳарбиро адо намоянд.