Рубрики
Uncategorized

АШТ: “Наврӯз – омили дӯстиву бародарӣ”

              

Санаи 14-уми марти соли ҷорӣ  аз рӯи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо ибтикори масъулини кумиҷроияи ноҳиявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз”  дар  Кумитаи идораи замини ноҳияи Ашт  соати сиёсӣ дар мавзӯи  “Наврӯз – омили дӯстиву бародарӣ”  баргузор гардид.

 Раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ноҳиявӣ Мадаминова М. ба сухан баромада оид ба ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он,  нақш ва хидмати шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамасола таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон фикру андешаҳои хешро баён дошта, тамоми кормандони кумитаи идораи заминро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, иди соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор табрик намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *