Санаи 5-уми майи соли равон дар асоси Низомномаи КИМ ҲХДТ ва тибқи барқияи №38 КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 13.04.2021 сол дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо бо Шумоем” байни кӯдакону наврасони аз синни 6 то 18 сола, ки ба гурӯҳи маъюбӣ шомиланд бахшида ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, собиқадорону фаъолони ҲХДТ, падару модарони иштирокчиёни озмун ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ озмунро ҳусни оғоз бахшида, оид ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва дар бораи ҳадафи асосии баргузории озмун, ки дарёфти роҳҳои боз ҳам хубтар намудани сатҳу сифати маъюбон, беҳтар кардани солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, дастрасии маъюбон ба таҳсил, ҷалби онҳо ба шуғли доимӣ, муҳайё намудани шароити мусоид ва фароҳам овардани имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеа барои маъюбон мебошад, сухан намуд.Дар озмун 28 нафар кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд аз рӯи се номинатсия: маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, маҳорати сурудхонӣ, маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ аз ҳудуди нӯҳ Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзида, маҳорату истеъдоди худро рӯи саҳна нишон доданд.Аъзоёни комиссия ба иштирокчиёни озмун барои маҳорату истеъдодашон баҳои баланд доданд. Инчунин, беҳтаринҳоро ба давривилоятӣ низ муайян карда, аз рӯи номинатсияи якуми озмун “Маҳорати суханварӣ ва қироати шеър” ҷойи якум ба хонандаи синфи 3 МТМУ №51 Ҷамоати деҳоти Меҳробод Узоқов Абдумуталиб, ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 9 МТМУ №4 Ҷамоати деҳоти Понғоз Раҳимқулова Маҳфуза, ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 5 МТМУ №4 Ҷамоати деҳоти Понғоз Ахмедова Фотима. Аз рӯи номинатсияи дуюми озмун “Маҳорати сурудхонӣ” ҷойи якум ба хонандаи синфи 11 МТМУ №2 Ҷамоати шаҳраки Шайдон Исмоилова Муниса, ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 9 МТМУ №5 Абдувалиев Шоҳрӯз, ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 8 МТМУ №2 Ҳамроқулов Диловар.Аз рӯи номинатсияи сеюми озмун “Маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ” ҷойи якумро хонандаи синфи 5 МТМУ № 50 Турсунов Суҳайл сазовор гардиданд.Ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо бо Шумоем” барои иштирок ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Инчунин тамоми кӯдакону наврасони маъюбе, ки дар озмун ширкат намуданд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳия қадршиносӣ карда шуд.
Рубрики
АШТ: ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МО БО ШУМОЕМ” ДАР КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ
