Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: ОСОРИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ ҶАВОН

Осори арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ, аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста доранд.  Яке аз ин гуна асарҳо “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” мебошад, ки дар он таъриху тамаддуни ниёгони ориёии мо то истилои араб дар заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва тадқиқотҳои пурмӯҳтавои олимони ватанию хориҷӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Асар фарогири масоили таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии қавми ориёинажоди Осиёи Марказӣ дар робита бо таърихи тамоми эрониён мебошад. Дар ин тадқиқоти хеле муфид масъалаҳои ташаккули халқиятҳои ориёӣ, густариши тамаддуни он, падид омадани давлатҳои тавоною мутамарказ, нақши аҷдодони мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо назари тоза ва дар заминаи дастовардҳои нави илмӣ матраҳ гардидаанд. Омӯзиши ин асар дар мавриди тарбияи ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо густариш додани худшиносии миллӣ, ватанпарвариву ваҳдатгароӣ беназир аст.

Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон, ки ояндаи миллат ба ахлоқ ва дониши онҳо сахт марбут аст, омӯзиши таърихи ниёгонро яке аз рукнҳои муҳими расидан ба ин матлаб медонад: “Як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад.

Пешвои миллат сарчашмаи ноби тарбияро дар омӯзиши ҳамаҷонибаи таърих аз ҷониби насли муосир медонад. Таъкид менамояд, ки дар камолоти инсон ва ҷомеа донистани таърихи гузашта, аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва дар ташаккули андеша ва тафаккури пешқадам мусоидат менамояд. Масалан, барои ҷавонони имрӯза донистани он муҳим аст, ки гузаштагони бонангу номуси мо дар ҳама ҳолатҳои тоқатфарсо, ҳатто таҳти тасарруфи дигар давлату халқият буданаш волоияти забону фарҳангашро пос медошт ва намегузошт, ки гавҳари ноби илму адаб ба дасти душманони миллат афтад. Омӯзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои падарону модарон, беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа бозмедорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбати ашхоси ватанхоҳу ватандӯст бедор месозад.

Пешвои миллат бо китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба рисолати таърихии мардуми тоҷик бори аввал дар илми таърихнигорӣ баҳои сазовор дода, ҳамзамон аз арзишҳои ахлоқии таърихӣ ёд мекунад, ки барои насли имрӯз дарку маърифати он ҳатмист. Пеш аз ҳама, халқи тоҷик табиатан халқи созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу меҳнатдӯст аст. Дар хуни аҷдоди ӯ пархошҷӯиву набардписандӣ ва ҷанг пеша кардан қариб набудааст. Сипас, таърихи ҳазорсолаи дуру наздик гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид. Ин баҳои сазовори Сарвари давлат мебошад, ки таъриху фарҳанги халқи хешро бо ҷиддияту масъулияти том омӯхтаву тадқиқ намуда, баробари миллати худ роҳи пурпечутоби сулҳу созандагиро тай намудааст ва дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи Ватан масъулияти гарони наҷоти халқро аз даргириҳо ва буҳронҳо бар дӯши худ гирифтааст.

Пешвои миллат бо таълифи китоби хеш насли имрӯзаро даъват менамояд, ки аз корномаи гузаштагон ибрати ватандорӣ омӯзанд. Чун дар ҷодаи созандагӣ дар баробари мавҷуд будани андешаи қавии миллӣ, ки омили музаффариятҳои минбаъда мебошад, ахлоқи некӯи инсонӣ низ нақши бориз дорад.

                                                              Аъзои фаъоли ташкилоти                    

                                                              ибтидоии Ваҳдат

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *