Рубрики
Асосӣ

АШТ: ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН” (ДАР КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ)

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барқияи №30 аз санаи 25.06.2021сол Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, тарғибу ташвиқи васеи бозии футбол байни аҳолӣ, иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021”, иҷрои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани беҳтарин дастаҳои футболи ғайрикасбии ноҳияи Ашт аз санаи 5-уми июли соли 2021 мусобиқаи варзишии футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт Салоҳидинов Парвиз, директори муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ футболи ноҳияи Ашт Умаров Фарҳодҷон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оғоз гардид.

Дар оғоз раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хушнуд Каримзода ба сухан баромада, барои ташкил намудани чунин мусобиқаҳо, ки бевосита бо дастгирии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда истодааст изҳори андеша намуда, ҳамчунин ба иштирокчиёни мусобиқа тартиб ва талаботи баргузории мусобиқаи варзишии футболи хурдро шинос ва бозиро оғоз намуда, барои дастаҳо бурдборӣ таманно намуд.

Бояд қайд кард, ки мусобиқаи варзишии футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои футболи ғайрикасбии ноҳияи Ашт дар чор марҳила баргузор мегардад. Марҳилаи якуми мусобиқа аз санаи 1-уми июл то санаи 5-уми августи соли 2021 дар деҳаҳо ва маҳалҳои аҳолнишини Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида мешавад. Имрӯз дар марҳилаи аввали мусобиқаи варзишии футболи хурд дастаҳои футболи ғайрикасбии деҳаҳои Саро, Бободархон ва Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *