Рубрики
Асосӣ

АШТ: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БЕҲБУД БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Санаи 5-уми феврали соли 2024 сол дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди КВД “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Ашт бо мақсади таблиғу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт М.Мадаминова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт О.Нурматов ва раиси дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди КВД “Лоҳиякаш”-и ноҳияи Ашт Ҷалилов Қ. доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, дастовардҳои назаррас, раванди босуръати саноатикунонии кишвар, ҷавонон ва дигар самтҳо, ки дар Паём ироа гардидаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Инчунин зимни мулоқот зикр карда шуд, ки ҳамасола ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар ҳамчун дастури раҳнамо ва муайянкунандаи сиёсати дохиливу хориҷӣ хидмат намуда, дар роҳи расидан ба дастовардҳои меҳнатӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хонишҳои сиёсӣ, вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо сокинони ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *