Рубрики
Uncategorized

АШТ: ПАЁМ – РАҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  ҷиҳати тарғибу ташвиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии дар назди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт  вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёбиддинова Г ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди  Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия Раҳимова И  оид ба рушди соҳаи маориф ва дар ин самт пешравиву корҳои назаррас давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар, баланд бардоштани маърифати маънавии хонандагон, ҷалб намудани онҳо ба фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои русиву англисӣ, бедор намудани завқи китобхонӣ дар ниҳоди хонандагон, омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ, тақвият бахшидани ҳуввияти миллӣ, зебоипарастӣ дар қалби наврасону ҷавон ва ба ин восита пайдо кардани истеъдодҳои нодир дар байни наслҳои оянда, ки дар Паём ироа гардида, таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи маориф фикру андешаҳои хешро иброз доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *