Рубрики
Uncategorized

АШТ: ПАЁМ – РАҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ КИШВАР

Имрӯз масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт  бо кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар назди Мактабии варзишии №2 ва Амфитеатр  вобаста ба тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занон Зиёбидинова Г. ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Маҷидов Б. доир ба дастовардҳои назаррас дар иқтисодиёти кишвар, раванди босуръати саноатикунонии кишвар, татбиқи сиёсати занон, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон, тарбияи насли наврас, ва дигар самтҳо, ки дар Паём ироа  гардидаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Инчунин, зимни мулоқот зикр карда шуд, ки  дар Паём бисёр масъалаҳои дар ҷомеаи имрӯза  зарур инъикос ёфта, моро месазад, дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат фаъол бошем ва барои таъмини шароити арзандаи хеш талош варзем.

Суратгузориш аз рафти мулоқот

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *