Рубрики
Uncategorized

АШТ: РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ

Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули хона ба хона ҷиҳати пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии “COVID-19”  бо сокинони маҳаллаи   50-солагии Октябри Ҷамоати шаҳраки Шайдон  идома доданд.  Рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ  масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт сокинонро водор сохтанд, ки ба қоидаҳои беҳдошти солимӣ риоя намуда, худ ва наздикони худро аз ин беморӣ ва бемориҳои сироятии мавсимӣ ҳифз намоянд. Зеро ҳама гуна бемориҳо дар ин фасл авҷ гирифта боиси  сироятёбӣ мегардад. Аз ҳамин сабаб ҳар як шахс бояд нисбат ба саломатии худ беаҳамият набуда,  масофаи байниҳамдигариро риоя намояд, тез тез дастонро бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ тоза намуда, аз маконҳои серодам худдорӣ намуда, хӯрокҳои серғизоро истеъмол намояд. Инчунин ба сокинон варақаҳои таблиғотии “Худ ва наздиконро аз бемории сироятии коронавирус ҳифз намоед” тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *