Рубрики
Асосӣ

АШТ: Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

      Имрӯз дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт баҳри дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ташкил ва баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии гимназияи №1 маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Парчами мо ифтихори миллат аст”  дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Аштбаргузор гардид.

        Дар чорабинӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт Обода Каримӣ, раиси КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муллоҷонва Дилафрӯз, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҳизб, фаъолон, омӯзгорон ва собиқадорон ҳузур доштанд.

       Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

        Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Хушнуд, доир ба моҳияти таърихии Парчами миллӣ ва эҳтироми Парчами миллӣ, ки рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассумгари муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон мебошад, баромад намуда, тамоми иштирокдорони чорабиниро ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт таҳният гуфт.

         Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт Обода Каримӣ  доир ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бояд ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ тамоми арзишҳои волои таърихии кишвар, махсусан, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи покиву садоқат ҷоннисориҳои мардуми тоҷик ҳаст ҳифз ва муқаддас нигоҳ доранд.

Ҳамчунин,  вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муллоҷонова Дилафрӯз низ дар бораи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор рафта,  шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд, баромади пурмӯҳтаво кард.

           Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ якчанд нафар омӯзгорон ва аъзоёни ТҶҶ Созандагони Ватанро барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ ва таблиғи ғояҳои созандаи ҲХДТ саҳм гузоштаанд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуда, 15 нафар ҷавонони нав ба сафи ҲХДТ қабулгардида ва 12 нафар аъзоёне, ки нав ба сафи ТҶҶ Созандагони Ватан қабул гардиданд,  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва шаҳодатномаҳои ТҶҶ Созандагони Ватан супорида шуд.                   Пас аз анҷоми қисми тантанавии чорабинӣ барномаи адабӣ-фарҳангие, ки ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагони гимназия омода гардида буд, ба чорабинӣ ҳусни тозае зам намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *