Рубрики
Uncategorized

Ашт: Семинари омӯзишӣ

         Санаи 14 –уми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи театри драмавӣ-мусиқавии ба номи М. Воҳидов бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар асоси барқияи №82  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 7.10.2021 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва тарбияи нокомили насли ҷадид, таблиғу ташвиқ ва амилигардонии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”   семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар кори семинар намояндагони МИҲД –и ноҳия  раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия, мутахассиси бахши  кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и ноҳия, сармаутахассиси  бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди МИҲД-и ноҳия, мудири шуъбаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, собиқадорони ҳизбу меҳнат, занони фаъоли ҳизбӣ ва гурӯҳҳои тарғиботиву ташвиқотӣ  ҳузур доштанд.

Семинари омӯзиширо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Хушнуд Каримзода ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузор намудани семинарро, ки  дар амал татбиқ намуданиқонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, кам гардонидани пошхӯрии оилаҳои ҷавон, тарбияи насли наврас, ҷалби онҳо ба омӯзиши илму ҳунар,  паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар ин руҳия тарбия намудани насли наврасу ҷавон фикру андешаҳои худро иброз дошт.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ Зиёбиддинова Г оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”,  пошхӯрии оилаҳои ҷавон, муносибатҳои хонаводагӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, соҳибкасб намудани духтарон  ва роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт баромад намуд.

 Мутахассиси бахши  кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и ноҳияи Ашт Раҳимӣ Малика низ бобати дар амал татбиқ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023” ва иҷроиши он, сабабҳои асосии  пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, дар бораи бекоршавии ақди никоҳ дар  нуҳ моҳи соли ҷорӣ, сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва дигар масоили мубрами рӯз дар самти занон суханронӣ намуд.

Инчунин, сармутахассиси  бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди МИҲД-и ноҳияи Ашт Қодиров  Ҷ оиди рафти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва омӯзгори гимназияи №1 Ҷамоати шаҳраки Шайдон Ҷураева Г оид ба рафти иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  баромад намуданд.

Собиқадорони ҳизбу меҳнат Бегматова Г,  Мирзоева К  ва Махкамова И  низ дар суханронии худ  дар боби одоби оиладорӣ,  сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон,  хушунат дар оила, муносибати хушдоман ба аруси хонадон, тарбияи насли наврасу ҷавон, ҳуқуқи занон, ба омӯзиши илму ҳунар ҷалб намудани духтарон  ва дигар масоили муҳими рӯз  андешаҳои худро иброз дошта, ба ҷавонон барои бунёд намудани оилаи солим ва пойдории он маслиҳатҳои муфид доданд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳияи Ашт Мамадҷонов Зафар оиди дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ташкил намудани  Шӯрои  занону духтарон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суханронӣ намуданд.

Дар охир аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ 2-гурӯҳи алоҳида барои идома додани кор дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оиди мавзӯҳои дар боло зикр гардида ташкил карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *