Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: Сухани сарбоз ба гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ

        АНДЕША:  Қобили зикр аст, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ мебошад. Ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ва амри виҷдон ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада ба хизмат мераванд. Дар қиёс нисбати солҳои пеш шароити хизмат дар тамоми ҷузъу томҳои кишвар хеле беҳтар шудааст. Бисёре аз падару модарон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, аз шароиту рафти хизмати ҳарбӣ ва тамоми воситаву имкониятҳои мусоиди хизмати ҳарбӣ дидан намуда, изҳори сипосу қаноатмандӣ менамоянд.

Дар робита ба ин бояд қайд намоем, ки то имрӯз ҷавононе ҳастанд, ки то аз химат дар сафи Артиши миллӣ саркашӣ мекунанд ё ба муҳоҷират рафта пинҳон мешаванд. Дар қалби ин гуна ҷавонон ҳисси муҳаббат ба Ватан – Модар нест. Дар тинаташон шарм ва азоби виҷдон вуҷуд надорад. Бояд гуфт, ки эътибору нуфузи чунин ашхоси ҷавон дар байни ҷомеа коста мегардад.

Ҷоизи қайд аст, ки Шумо ҷавонон ояндаи давлату миллат ҳастед, Шумо бояд ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, риштаҳои нозуку шарафу номусу ор ва садоқат ба Ватан пайваста бошед. Аз байни Шумо бояд сарбозони шуҷоъ, инсони далер ва ҷасур, ҷанговари номӣ барояд. Аз таърих ва достонҳои гузаштагон то мо омада расидааст, ки ба сафи Артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоъ хоста гирифта мешуд. Имрӯз ҳам ин анъана давом ёфта, ҷавонони солиму қавиирода ва дилу нияти пок дошта ба сафи Артиш қабул гардида истодаанд, ки ин маънои онро дорад, ки ҷавонони мо ҳамеша зираку ҳушёр ҳастанд.

Ҳамчунин, ёдовар гардид, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бетараф набошем. Ба ин масъала беш аз ҳарвақта таваҷҷуҳи ҷиддӣ намоем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим- ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияту давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ маҳз аз Шумо ҷавонони далеру шуҷои Ватан вобастагии калон дорад.

Аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт: Одинаев Асрор Шавкатович

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *