Рубрики
Асосӣ Мақола

Ашт: Терроризм ва оқибати ин амали нанговар

  Мақола: Дар солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ ва дину мазҳабҳои гуногун амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи онҳо вазъи сайёраро ноором карда,  ҳайёти мардуми осиштаро зери хатар гузошта истодаанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, боиси оқибатҳои нохуш ва фоҷиаовар мегардад. Терроризм-экстремизм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои бузург буда, оқибат ба вайронкорӣ меорад.

Терроризм ва ифротгароӣ дар байни ҷавонон натанҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Имрӯз терроризм ва гуруҳу ҳаракатҳои ифротгароӣ боиси ташвишу нигаронии кишварҳои олам гардидааст. Аз ин хотир, ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср оқибати фоҷиабор дошта , хатари ҷиддӣ дорад.

Ҷавононеро ба доми худ мекашанд, ки аз арзишҳои Исломӣ хабар надоранд. Ин дини муқаддасро ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худ истифода мебаранд.

Бадбахтона шаҳрвандони мо низ дар анҷом додани амалҳои террористии кишварҳои Ироқу Сурия иштирок намудану бархе аз онҳо қурбонии чунин саҳнаҳо гардидаанд, ки боиси таассуф аст. Қисмате дар ҷаҳон бошад аз рӯи бемаърифатии мо бедорӣ ба сӯи модар ва ҷони худ санг мезананд, ки камоли ҷавонмардӣ нест.  Аз ин ру аз ҷавонон даъват ба амал меорем , ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва худро қурбони ин гуна ҳаракатҳо насозанд. Зеро оқибатҳои терроризм моро аз модар, аз ёру бародар ва аз ҳама муҳим аз Ватан маҳрум месозад. Шукронаи ободию озодии ин давлати маҳбуб карда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани он камари ҳиммат бояд бубандем ва ҳаракатҳои террористию ифротгароиро маҳкум намуда, ҷойи ободкорию созандагии Тоҷикистони азизамон камар баста, ҳиссагузор дар сиёсати пешгирифтаи Ватану давлат бошем.

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Ашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *