Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: Терроризм – падидаи номатлуби ҷомеаи шаҳрвандӣ

       АНДЕША:  Имрӯзҳо фаъолияти терроризм на экстремизм тавре шакл гирифтааст, ки хурду калон метавонанд ин амали носазоро содир кунанд. Бинобар ин дар назди кишварҳои олам ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи меҳварӣ – бо роҳҳои самараноку таҳқиқшуда ҳар чӣ зудтар маҳв ва ё паст намудани сатҳи фаъолияти ин зуҳуроти даҳшатафкану нафратовар меистад. Бояд зикр кард, ки ҳар як амали манфур аз мағзи пучу бемоя бармеояд ва зуҳуроти терроризм ҳам маҳсули ҳамингуна мағзи иисоиист.

      Терроризм ва экстремизм дар сурат ва сирати гуногун ба амал меояд: тахдидҳои бевосита дар вақти муборизаи сиёсӣ; зуроварӣ нисбат ба шахсони гуногун ва махсусан, ходимони давлатӣ ҷамъиятӣ; ба гарав гирифтани щахсони гуногун бо мақсадҳои муайян; рабудани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ё куштани онҳо; талаби пул, воситаҳои дигари моддиву молиявӣ ва коммуникатсионӣ; озод намудани маҳбусони сиёсӣ; душманӣ ангехтан байни ду давлат; паст намудани эътибори хокимият ва монанди инҳо…

      Дар тамоми ҷаҳон айни замон ин падидаҳои номатлуб яъне терроризму экстремизм зиёд гардиданд ва дар ин росто гурӯҳҳои мазҳабиву равияҳои гуногун низ фаъолияти худро густариш доданду ва аз доираи хурди як давлат ба хориҷ паҳн гардиданд.

Ҳоло садҳо равияву гypӯҳҳо ба ҷомеа зарари бузург, дошта пайомадҳои манфиро низ ба бор овардаад. Ин гурӯху равияҳо бо созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ робитаи мустақим доранд, ки ин барои ҷомеа хатаровар аст.

      Агар дар бисёри ҳолатҳо афроди тафриқаангез ба ҳадафҳои нопоки худ нарасанд ҳам, то як андоза метавонанд миёни аҳолии осоишта чунбишу таҳлукаеро ба вучуд биёваранд, ки мо онро дар тачрибаи давлатдории навини худ дидем. Вале душманони миллати тоҷик ва гурӯҳҳои ифротӣ як нуқтаи хеле муҳиму аслиро набояд фаромуш созанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳгарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳамарӯзаи худро баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна зухуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, хурофотпарастию таассури динӣ ва фарҳанги бегона равона месозанд.

       Мо мардуми сарбаланди тоҷик аз кинаву ғараз ва нияту нақшҳои нопоки ташкилоти террористи – экстремистии ҳизби мамнушудаи наҳзати исломӣ ба хубӣ огаҳӣ дорем. Аз таърихи хиёнаткории наҳзатиҳо дар замонӣ ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хуб огоҳем, ки ин ташкилоти террористӣ ҳамеша бадандешаву бадниятиро пешаи хеш қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидояти хоҷагонашон фаъолияги тахрибкороа доранд. Вале набояд фаромуш кард ва боиси қайд аст, ки имрӯзҳо ҷавонон, падару модарон ва умуман миллати тоҷик аз кирдорҳои пасипардагии онҳо огоҳ шудаад ва дигар кӯшиш мекунанд, ки фирефтаи чунин амалҳои ҳангомаҷуёна ва муғризонаи онҳо нагарданд.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *