Рубрики
Асосӣ

АШТ: “ТОЗАВУ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ МУҲИТИ ЗИСТ ВАЗИФАИ МОСТ!”

Санаи 03.02.2024  сол  дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 02.02.2024 сол таҳти рақами 10 бо мақсади  вусъати корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани коргоҳу маҳали зист бо ҷалби васеи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” шанбегӣ гузаронида шуд.

Кормандони кумиҷроияи ноҳиявӣ  ва   ТҶҶ  “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  гирду атрофи  Оромгоҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Аштро аз алафҳои хушкшудаву партовҳо, ки симои ҷойҳои муқаддасро  бенур гардонида буд, тоза намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *