Рубрики
Uncategorized

АШТ: “Тоҷикистон ба пеш!”

Тибқи нақшаи кории Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, МИҲД-и ноҳия ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз санаи 11-уми август то санаи 13-уми августи соли равон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Тоҷикистон, ба пеш!” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

         Инчунин, бо ташаббуси кумиҷроияи ноҳиявӣ ин маҳфил дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт баргузор гардид, ки дар маҳфил котиби ҳамоҳангсозии Шӯрои  Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотам , намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, раиси Анҷумани Тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” Гулбаҳор Маликзода, Сарвари маҳфили адабии “Ворисони Маъдан”  Зафар Аҳмад, муовини раиси Шӯрои ноҳиявии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ибрагимов Ниёзмуҳамад  ва раисони шӯрои занон, шӯрои собиқадорон, фаъолони ҲХДТ, кормандони соҳаи маориф,  тандурӯстӣ, фарҳанг ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд.

         Маҳфилро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва Шӯрои  Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия мақсаду мароми якхела дошта, дар амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, сафарбаркунии мардум ба корҳои ободониву созандагӣ, таъмини пешрафти бомароми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, таъмини зиндагии шоистаи мардум, тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти пешгирӣ ва шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ  дар ниҳоди ҷавонон ва дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми назарраси гузошта истодаанд.

         Сипас, сухан ба котиби ҳамоҳангсозии Шӯрои  Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотам ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидов дода шуд. Онҳо дар баромади худ оид ба  ҳадафҳои стратегии давлат, ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Истиқлолияти энергетикии кишвар ва дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Инчунин, дар баромади худ раиси Анҷумани Тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” Гулбаҳор Маликзода оид ба мақому манзалати Зан-Модар дар замони истиқлолии кишвар, Сарвари маҳфили адабии “Ворисони Маъдан”  Зафар Аҳмад ва муовини раиси Шӯрои ноҳиявии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ибрагимов Ниёзмуҳамад низ дар бораи партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ  сухан карданд.

Дар охир  якчанд нафар собиқадорону фаъолон дар вазъияти тантанавӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуд.

Барои боз ҳам дар вазъияти мутантан баргузории чорабинӣ барномаи консертӣ аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия таҳия гардида, ки тараннумгари истиқлолияту ваҳдати миллӣ  буд,  идомабахши маҳфил гардида, ҳусну таровати тозаеро зам намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *