Рубрики
Uncategorized

АШТ: ТО ҶОН ДАР БАДАН ДОРЕМ, ИН ВАТАНРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ.

Таърих собит месозад, ки мардуми бостонии тоҷик бо ҳамсояҳои худ равобити зичи дӯстӣ дошт ва имрӯз низ ин анъанаро зери сиёсати окилонаву одилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давом дода истодаанд. Аммо ҷанги марзии рузҳои охир ҳадафҳои аҳдшиканӣ, номардӣ ва миллатгароии баъзе аз мақомдорони давлати ҳамсояи Қиргизистонро ошкор кард. Тазаккур бояд дод ки гурӯҳҳои муташаккили низомӣ аз ноҳияи Боткенти Қиргизистон ба деҳаҳои наздисарҳадӣ ҳатто ба маҳалҳои дуртар аз марзии ноҳияи Б.Ғафуров ҳуҷум оварда, мардуми зиёди бегуноҳро куштаву захмин гардониданд.  Гурӯҳи махсуси сулҳнохоҳу иғвогари қиргиз барои ҳалокати кудакони бегуноҳ, афсарону сарбозон, чон бохтани ҷавонони ҷавонмарги ин сарзамини муқаддас сабаб гардидаанд.

Душманони миллати тоҷик бояд хуб донанд, ки Тоҷикистон Пешвои миллат, қувваҳои мусаллаҳ, родмардони Ватан, мардумони шердил, хирадмандони бузург ва ҷавонони бо нангу номус доранд, ки ҳар як тирри бадхоҳи миллатро ба хок яксон мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *