Рубрики
Uncategorized

АШТ: ФАРАҲМАНД АЗ БАҲОРИ ВАҲДАТЕМ!

Ҳамвазни калимаи саодат Ваҳдат,

Тавҳиду нубувату имомат Ваҳдат.

Сарчашмаи зиндагии пурҷӯшу хурӯш,

Сарматлаи хубию асолат Ваҳдат

Тайи 24 соли комил мешавад, ки мо дар баҳори назокату латофати Ваҳдати миллӣ зиндагӣ менамоем. Баҳористони Ваҳдат дар тӯли 24 сол меваҳои шаҳдрез ба бор оварда, дар замини дили мову шумо меҳрдонаи умеду бовар парварида аст. Нигоҳе ба таърихи ин саодатномаи сарнавиштсоз басо самарабахшу муфид ба ҳисоб рафта, машъале дар пайроҳаи сабзи тамаддуни башарӣ ба шумор меравад. Бо гузариш аз фасле ба фасли зафару мавсими зебогиҳову ободонӣ пояҳои ваҳдати асолатофаринамон устувору баҳори бехазони ҷовидонаеро ба халқи маҳбуби тоҷик эҳдо менамуд. Имрӯз бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки самараи ин армуғони халлоқӣ дар сифоти нодиртарин ёдгориҳо аз ҷумлаи эҳёи наврӯзи башарӣ, шинохти таърихи адабиёти ғании миллат, баҳрабардорӣ аз оинаи сӯҳбати нобиғагони диёр ва тимсоли инҳо маҳсуб меёбад. Каромоти Ваҳдати миллӣ барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ иқболи баланду нусрати раббониеро ато намуд ва дар гулшани фарҳангиву мадании хеш ёсуманҳои накҳатфизоеро дар мисоли фарзонафарзандони оламшумули миллат чӣ дар соҳаи варзишу чӣ дар соҳаи илму адабиёт парварида ба камол расонидааст.

Аслан, ваҳдати имрӯзини мо бо ишоратеву омоли чанд муддатае ба даст наомадааст. Бақои ин ваҳдати ниёгонамон ҷовидона буда, дар баробари меҳнату кӯшишҳои пайвастаи роҳбари заковатманду ваҳдатофарини миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи кӯтоҳтарин замони ба сари қудрат омадан, ба даст омадааст. Лиҳоз-о, ҳар субҳ намози шокириаш бояд хонду санои ин абармарди роҳи бекаронаи сиёсатро гуфт.

Саодатномаи дилҳост Ваҳдат,

Шарофатномаи яктост Ваҳдат.

Чу номуси дили соҳибдалерон,

Ба дилҳо пояаш барҷост Ваҳдат.

Ҷавонони зодаи замони истиқлолу озодӣ фархундарӯз аз онанд, ки ғунчаҳои сарсабзи чаманистони саодатанд ва фараҳманд аз баҳори Ваҳдату осоиштагӣ.

Умедҷони Амонӣ

Аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и наазди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *