Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аст!

АНДЕША: Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони баору номус аст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора гуфтаанд: “Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад”.

Хизмат ба Ватан, аслан, хизмат кардан ба падару модар, барои некӯаҳвлолии фарзандон ва ободии рӯзгори худи инсон аст.

Сардори давлат сафҳои Артиши миллиро на танҳо ҷои адо кардани қарзи фарзандиву ватандорӣ, ҳамчунин, мактаби камолоти инсонӣ ва шуҷоату мардонагӣ ҳисоб мекунанд. Маҳз дар ҳамин мактаб ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҷавононро аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дурӣ аз кирдорҳои номатлуб ва мубориза дар роҳи сулҳу ободии ватан тарбия менамояд. Имрӯз, ки ҷавонони мо ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ, ҳам аз ҷиҳати маънавӣ рушду камол ёфтаанд, бояд нисбати ҳимояи ватани худ, диёри худ, падару модари худ бо як эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ қарзи муқаддаси ҳарбиро содиқона дар замири худ ҷой дода, бо садоқати бепоён баҳри ҳифзи марзу буми хоки аҷдодиамон бетараф набошанд.

Аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт: Валиев Абдулҳафиз Латифҷонович

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *