Рубрики
Uncategorized

АШТ: Қадршиносии собиқадори ҲХДТ

   Шахсоне, ки баҳри пешрафт ва ободонии давлат солҳои тӯлони хизмат карданд ва саҳми худро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гузоштаанд, албатта ҳамеша дар мадди назари давлат қарор доранд. Барои пешбурди кору фаъолияти ҲХДТ саҳми босазои шахсони дар ҷамъият обрӯдошта, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ҷомеа хеле калон буда, чунин шахсон дар ҷодаи обрӯманд гардидани ин ҳизби ормонҳои халқ камари ҳиммат бастаанд.Санаи 14-уми феврали соли 2022 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт якҷоя бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати  МИҲД-и ноҳия ва Беморхонаи марказии ноҳия  дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  бахшида ба 75-солагии зодрӯзи котиби ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия, собиқадори ҳизбу меҳнат, корманди соҳаи тандурустӣ, зане, ки нисфи ҳаёташро барои саломатии халқаш дифо кардааст, Махкамова Ёдгорой маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

         Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Хушнуд, раиси Шӯрои собиқадорони МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов Зафар, сартабиби беморхонаи марказӣ Имомов Абдурауф, кормандони соҳаи тиб ва пайвандону наздикони соҳибҷашн иштирок доштанд.

Раиси Шӯрои собиқадорони МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов Зафар табрикоти раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода  Шуҳратро қироат намуд. Инчунин  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Хушнуд ва сартабиби беморхонаи марказӣ Имомов Абдурауф доир ба фаъолияти меҳнатии пурсамари Махкамова Ёдгорой дар соҳаи тиб ва саҳми назарраси ин шахсият дар корҳои ташкиливу ҷамъиятии ноҳия изҳори назар намуда,  ба ҷашни мелоди умр таҳният намуда, бо табрикномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардониданд.

Сипас, аъзоёни фаъоли ҳизб, раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон Ҳабибуллоев Аловидин, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ – ҷамъиятӣ ва бонкии ноҳия Махкамова Шарифа, аъзои маҳфили “Ворисони Маъдан” Сулаймонқул Азимӣ, раиси иттифоқи касабаи корхонаи комплекси агросаноатии ноҳия Норматов Каримҷон ва ҳамкорону ҳасабақонаш дар ҳаққи Махкамова Ёдгорой корнамоиву ҷасорат, матонату қавииродагӣ  нисбат ба касбаш ва эҳтиром нисбати ҳамкасбонаш суханҳои ҷолибу  беҳтаринро дар рӯзи мавлудаш арзёбӣ намуданд.

Дар охир соҳибҷашн Махкамова Ёдгорой ба сухан баромада миннтадории худро нисбати ғамхориву дастгирӣ ва баргузор намудани чунин  чорабинӣ  ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳия Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳия, МИҲД-и ноҳия, Беморхонаи марказии ноҳия  баён намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *