Рубрики
Асосӣ

АШТ: ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МАҚОЛАИ КОРШИНОС АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР МАВЗӮИ “ ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ”

Санаи 29-уми декабри соли 2022 дар толори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ҷамъбасти озмуни иншои беҳтарин байни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир ба шарҳу тавзеҳи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдулло Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” доир гардид.

Дар он раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова Муътабар мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Ашурова Лола, кормандони КИН, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия Раҳимова Истода ҳусни оғоз бахшид.

          Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова Муътабар дар суханронии хеш доир ба мақолаи коршинос Абдулло Раҳнамо оид ба моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки тули як моҳ аст, дар нашрияҳову маҷаллаҳои кишвар нашр гардида, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ паҳн гардида истодааст, фикру андешаҳои худро изҳори назар кард.

           Сипас, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунро барои ғолибият ва тамоми иштирокдоронро ба фарорасии соли нави мелодӣ аз номи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ табрик намуд.

Сипас 4 нафар хонандагони синфҳои 10-11 литсейу гимназия ва муассисаҳои таълимии №47, №7 барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва  хонандаи синфи 10-и литсейи №2 Киромиддинова Суман бо дипломи дараҷаи 1, хонандаи синфи 11 гимназияи №1 Ҳакимова Меҳрона бо дипломи дараҷаи 2 ва хонандаи синфи 11 –и МТМУ №17  Ҳакимова Зумрад бо дипломи дараҷаи 3 ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур бедор кардани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, корнамоиву  ҷонфидоӣ нисбати Ватан ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ дар ниҳоди ҷавонон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *