Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: 30-СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Лозим ба ёдоварист, ки дар таърихи башарият бисёр моҷароҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандӣ рух додаанд, лекин маҳз аз ноӯҳдабароии сарвар ё сарвари навтаъиншуда, пуштибонӣ аз манфиатҷӯии гурӯҳе, ё ин ки бозичаи дасти давлатҳои ғайр шудани баъзе кишварҳо даҳсолаҳо пойбанди нотинҷиву мусибатҳо гаштаанд. Аммо хуршеди бахту саодат баробари ҷилави давлатдориро ба даст гирифтани яке аз фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари кишвари талаву тороҷгардида ва халқи азияткашидаи мо нурпошӣ кард.
     Дар он марҳилаи муташанниҷ, ки боварию эътимоди сокинон нисбати бақои давлату миллат куллан намонда буд, зимоми роҳбариро бар дӯш гирифтани ҷавони 40-сола худ далел ба рӯзи саодат ва баҳамоӣ маҳсуб мешуд.
Роҳбари ҷавон, вале ҷасуру қавиирода, хирадманду дурандеш аз рӯзҳои  нахустини фаъолияти хеш дар хомӯш намудани оташи ҷанги хонумонсӯз талош варзида, баҳри ба даст овардани истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари ҷангзада ҷон ба каф гирифта, кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд. Бо ақлу заковат, хираду дониш ва доноиву тавоноӣ тамоми қувваю ғайрати худро ба он равона намуданд, ки Ватанро аз вартаи ҷанги бародаркуш ва мамлакатро аз парокандашавӣ наҷот бахшанд. Ҷони худро дар хатар гузошта борҳо ба ҷойҳои хатарнок сафар намуда, бо роҳбарони мухолифин, сохторҳои ҳуқуқии дохилу хориҷи кишвар мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд. 
      Сиёсатмадори бузург, оварандаи сулҳу субот, тавонистанд ҳар як фарди баору номуси  кишварро ба атрофи худ ҷамъ оваранд, шикастаҳоро барқарор намоянд,  ба ҷаҳониён онро шоиста муаррифӣ намоянд. Дар як муддати кӯтоҳ созандагиву бунёдкориҳо авҷи тоза гирифта, ҷаҳониён имрӯз моро чун миллати тамаддунофар мешиносанду мо аз тоҷик будани худ ифтихор дорем.
Гузашти замон ва таҷрибаи таърихӣ дар тули 30-соли баъди Иҷлосияи таърихӣ исбот кард, ки роҳи пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтаи назари стратегӣ ва ҳам сиёсӣ, дуруст буд. Маҳз натиҷаи татбиқи сиёсати дуруст ва созанда дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти кишвар буд, ки дар мамлакат марҳилаи таҳияю татбиқи барномаҳои давлатӣ, стратегияи рушд, консепсияи ташаккули давлати миллӣ фаро расид. Ин сиёсат ба раванди аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат ва ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидати комил намуд.
        Имрӯз ба дастовардҳои бузурги кишварамон ҳам дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва ҳам миқёси минтақа назар меафканему равшану возеҳ эҳсос менамоем, ки муҳимтарин ангезаҳои иқдомҳои бузурги созанда ҳанӯз дар ҳамон давраҳои мудҳиш ба хотири эъмори кишвар ва саодати миллат тарҳрезӣ гардидааст.
Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу  миллати тоҷик  ҳамасола  дар кишвари азизамон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо шукӯҳу шаҳомати хосаи ифтихор аз ватану ватандорӣ ҷашн гирифта мешавад.
      Воқеан, дар саҳфаи навини давлатдории тоҷикон саҳми ин шахсияти таърихӣ, ки миллатро ба ҳам оварданд ва дар мамлакат сулҳу суботро таъмин ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азизамонро ба роҳ монданд, хеле бузург аст.
Имрӯз мо аз сулҳу оромиву таҳкими давлатдории миллии худ ифтихор менамоем. Яъне миллати тоҷик таҳти Сарвари хирадманду дурандеши  худ бо ифтихор ва ҳадафмандона ба пеш қадамҳои устувор мениҳад.
        Дар ин рӯзҳо, ки мо дар остонаи ҷашнҳои бузурги таърихӣ, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ниҳоди президентӣ қарор дорем.  Бояд гуфт, ки ба қадри ин ҳама арзишҳои волои таърихӣ  ва ин ҳама дастовардҳо бирасем, онҳоро барои наслҳои оянда ҳамчун мояи ифтихор, гиромӣ ва муқаддас ба мерос гузорем.
       Барои мо – ҳизбиён низ ҳаёт ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан, ба ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.
        Ҳамҳизбиёни азизро ба ин ҷашни бузург – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қабл шодбош менамоям. Ба ҳар яки Шумо барори кор, бахту саодати рӯзгор ва ба кишвари биҳиштосоямон – Тоҷикистон бо сарварии Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафту шукуфоиҳои беназир таманно дорам.
Рӯзи Президент ҳам барои Сарвари арзандаю созандаи кишвар ва ҳам барои Шумо ҳамсафони азиз, муборак бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *