Имрӯз бо мақсади супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба якчанд нафар аъзои тозаинтихоби ҳизб, ки бо аризаҳои худ муроҷиат намуда буданд, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С ва Примқулова З ба ташкилотҳои ибтидои “МНДРА” ва “Маҳаллаи бофанда” ташриф оварданд. Зимни супоридани шаҳодатномаҳо аъзои тозаинтихобро табрик намуда, таъкид намуданд, ки аъзои ҳизб будан ин шараф аст ва барои ободу зебо гардонидани кишвари азизамон саъю кӯшиш намуда, меҳнати худро дар ин ҷода дареғ надоранд.
Рубрики
Аъзои тозаинтихоб
