Рубрики
Uncategorized

Аёдати афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 0214, ва 04533 бахшида ба 28 – солагии таъсиссёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19.02.2021 аёдати афсарону сарбозонро ба роҳ монд. Аёдат бо иштироки фаъолзанон, вакил-бонувон, модароне ки фарзандонашон дар сафи Артиши миллӣ адои хизмат намуданд доир гардид. Аз ҷониби модарон барои сарбозон дастархони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуд. Ҳамзамон бо афсарон собиқадори меҳнат, модари фарзандгумкарда Ёқубова Шарифа мулоқот доир намуд. Инчунин мулоқот бо сарбозон низ доир гардид. Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар фазои орому осудаи Ватан ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил мегардад. Итминони комил дорем, ки Шумо баҳри ҳифзи Ватан, пойдории Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми худро беш аз ҳарвақта мегузоред.

      Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои Шумо родмардони Ватан шараф аст, зеро Шумо  ба Ватани азизу маҳбуб содиқед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *