Рубрики
Uncategorized

АЁДАТИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар доираи чорабиниҳо ва дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти  №46, аз санаи 27.05.2021сол  бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”  аёдату дидорбинии як зумра кӯдакони имконияташон маҳдудро дар якҷоягӣ бо вакилони ноҳиявӣ ва вилоятӣ  ба ҷо овард.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ Мулоҷонова Дилафрӯз  ва раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мадаминова Мӯътабар зимни аёдат онҳоро бо муносибати  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, ба онҳо маводҳои ғизоӣ, қаннодиҳоро супориданд.

Дар навбати худ аъзоёни оилаҳои кӯдакони аёдатшуда ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *