Рубрики
Last News

АЁДАТИ ОМӮЗГОРОНИ СОБИҚАДОР

Аъзоёни фаъоли гурӯҳи тарғиботии Кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ дар ташкилоти ибтидоии Урметан бахшида ба фарорасии Наврӯзи хуҷастапай ба аёдати омӯзгорони собиқадори деҳа рафта, аз ҳолу аҳволашон хабар гирифтанд.

Тӯйчибой Ҷурақулов дорандаи Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон (1958), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1978), Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997) аз зумраи машъалони фазлу хираданд, ки тӯли 50-сол ва аз ҷумла 25-сол ба вазифаи ҷонишини директор оид ба бахши тарбия фаъолият намуда, дар масири рушду нумӯи таълиму тарбияи насли наврас хизмати шоиста кардаанд. Айни вақт дар синни 92- солагии баҳори умр қарор дошта, дар ҳалқаи фарзандону ҷигарбандон давлати пирӣ меронанд.

Зимни аёдат Тӯйчибой Ҷурақулов аз омадани ҳамкорони хеш болидахотиру фараҳманд шуда, дар ҳаққи сарвари давлат- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда “Маорифро омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат донистаанд” дуои нек карданд. Ҳамчунин иброз намуданд, ки шукуфоии миллат аз арҷгузории омӯзгор ибтидо мегирад. Ҳар сабақи омӯзгор хишти зарринест, ки кохи ҳастии моро болотару муҳташамтар месозад. Ҳамкоронро даъват намуданд, ки барои ҳифзи истиқлолу озодӣ , амнияти давлату ҷомеа насли наврасро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба худшиносиву худогоҳӣ ва ватандориву ватандӯстӣ, инчунин дар роҳи рости зиндагӣ тарбияту ҳидоят намоянд.

Воқеан, Тӯйчибой Ҷурақулов 9 нафар фарзандро бо нони ҳалоли омӯзгорӣ ба воя расонданд. Имрӯз ҳар яке соҳиби маълумоти олӣ, касбу кори дилхоҳ ва оилаи тифоқу намунавӣ мебошанд. Дар фарҷоми дидор Тӯйчибой Ҷурақулов кулли мардуми Тоҷикистонро ба иди Наврӯзи Аҷам табрику таҳният намуданд.

Мо ба омӯзгори собиқадор Тӯйчибой Ҷурақулов тани сиҳату хотири ҷамъ таманно намудем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *