Рубрики
Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни сафар ба шаҳри Истаравшан собиқадори меҳнат, омӯзгоре, ки 46 соли ҳаёти худро ба тарбияи насли наврас бахшидааст – Шокирова Норӣ ва маъюби гурӯҳи якум Собирова Мафтунаро аёдат намуд.Аёдатшудагон аснои сӯҳбат сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Хадқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, миннатдории худро баён намуданд.Сарфарозӣ намуданд, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумату давлат ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа назаррас буда, ҳамеша ғамхории масъулини ин самтро эҳсос менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *