Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ собиқадори ҳизбу меҳнат Садриддинова Д, ки дар соҳаи тиб солҳои зиёд кору фаъолият намудаанд, аёдат карда шуд.
Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни аёдат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ин зани ҳалимро табрик намуда, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувон ёдовар гардида, қайд намуд, ки давлат ва ҳукумат нисбати онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.