Рубрики
Last News

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ДАВЛАТИВУ ҲИЗБӢ

Аёдату дидорбинии собиқадорони далативу ҳизбӣ,  арсаи меҳнат  дар меҳвари фаъолияти ҳизбиён қарор дорад. Шокиров Ҷӯра Раҳмонович ва Қурбонов Эргаш нафароне ҳастанд, ки баҳри ободониву рушду нуъмои кишвар хизматҳои шоён карданд. Номбурдагон дар тарбияи ҷавонон, беҳдошти сулҳу субот ва оромии кишвар, тарғиби ғояҳои ватансози Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият бурдаанд. Дар арафи 28-солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри  татбиқи Барномаи ҲХДТ ҳамчун арзи миннатдорӣ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, ва Раиси шаҳри Бӯстон Ҳошимзода Раъно  ин шахсиятҳоро аёдат намуда, миннатдорӣ баён намуданд.

       Шокиров Ҷӯра Раҳмонович ва Қурбонов Эргаш соҳиби фарзандони баркамол ва якчанд наберагон буда, аз ободониву осоиштагии кишвар шукргузор ҳастанд. Собиқадорон, миннатдории самимии худро  ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *