Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри иҷроиши барқияҳои КИМ ХХДТ аз 05.02.2021с. таҳти №2 ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти №17 аз 08.02.2021с. ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 феврали соли 2021 бо ҳамроҳии ҷавонони синни даъватӣ, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони муассисаҳои мактабии ноҳия сарбозон ва афсарони қисми низомии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдат намуданд.
Аёдаткунандагон дар симои сарбозони қисми низомии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми афсарону сарбозони ҷумҳуриро бо фарорасии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба онҳо сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ ва далерию шуҷоатмандии боз ҳам қавиро орзу намуданд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ аёдаткунандагон бо сарбозон аз рӯи намуди варзиши футбол ва волейбол қувваозмоӣ карда, руҳияи ватандӯстии худ ва аскаронро болида намуданд.