Рубрики
Uncategorized

АЁДАТИ ҶАШНӢ

Бонувон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ваҳдату ягонагӣ, тарбияи шоистаи насли наврасу ҷавон саҳми сазовор дошта, ҷузъи муҳимми пешравӣ, шукуфоӣ ва дастовардҳои даврони Истиҷлолиятро метавон ба кору пайкори созандаи занон марбут донист.  Арҷгузориву қадрдонии бонувони хизматнишондода, дар яке аз ҳадафҳои меҳварии ҲХДТ дар вилояти Суғд  қарор дорад.

Дар арафаи Рӯзи Модарон Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба дидорбинии Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фарзона, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева ва ҳамсари собиқадори ҳизб  Аҳмадҷон Шаропов-Сулаймонова Зумрад бо ин рӯзи фархунда табрик ва шодбошӣ намуданд. Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суҳбат бо модарон барояшон саломативу тансиҳатӣ ва комёби беназир таманно намуда, ки ҳастии зан-модар ба хонадон нуру зиё ва хушиву хушбахтиҳо мебахшад. 

Модарони тоҷик аз ин иқдом шод гашта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ва ғамхорӣ ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон арзи сипос намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *