Рубрики
Last News

Барака ёбанд,Пешвои миллат

         Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ин суханони пурмеҳрро бо дуои нек аз сокини 90- солаи шаҳр Мавлудахола Зайниева, ки ба аёдаташ рафта, ӯро бо Рӯзи модарон табрик гуфта, барояш дастовези идона тӯҳфа намуданд, шуниданд.

         Дар  арафаи Рӯзи модарон мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон Қобилҷон Ҷалолов, дигар кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, ихтиёриёни ТҶҶ “ Созандагони Ватан” ба аёдати занони бемор, ки дар беморхонаи марказии шаҳр ва манзилашон бистарӣ ҳастанд, рафта , онҳоро бо гул  ва тӯҳфаи идона табрик карда, ба корҳои хоҷагии онҳо кӯмак расониданд.       

          Ҳамчунин кормандони Кумиҷроия ва ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” имрӯз дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр даҳҳо нафар занону бонувонро бо Рӯзи модарон  муборакбод намуда, ба онҳо табрикномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро тақдим намуданд. Бонувон  ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ва ғамхорӣ ба онҳо изҳори сипос карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *