Рубрики
Асосӣ

БАРАСИИ МАСОИЛИ МУҲИМ

Дар маҷлисгоҳи хурди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки Раиси Rумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.

Нахуст Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳозиринро бо муовини  тозатаъини Раиси Rумиҷроияи вилоятӣ Мансурова Замира Мирзоалиевна, ки дар мувофиқа бо Кумиҷроияи Марказии ҲХДТ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ин маснад интихоб шудааст, ошно намуд.

Зикр гардид, ки Мансурова Замира Мирзоалиевна, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар МТМУ №27-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, баъдан ҳамчун мушовири Маркази тамоси ҶСК  бонки “Эсхата”, мутахассиси пешбар, пасон мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИЊД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мутахассис ва сармутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят адои вазифа намудааст.

Раиси кумиҷроия, ҳамчунин, Қодирова Мунира Абдуалиевна, мудири тозаинтихоби шуъбаи молия ва муҳосиботи кумиҷроияи вилоятиро, ки дар мувофиқа бо Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ба ин вазифа интихоб шудааст, ба аҳли ҳозирин муаррифӣ намуд. Таъкид шуд, ки мавсуф аз соли 2008 ба ҳайси корманди молия дар Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар шуъбаҳои РАСИН-и шаҳри Панҷакент ва вилоят ба ҳайси сармутахассис фаъолият намудааст.

Дар идомаи кори ҷаласа Раиси кумиҷроия бобати омодагӣ ба ҷашну санаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, баргузории ҷаласаи Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи вилоятӣ, дар сатҳи баланд доир намудани ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” дар шаҳру навоҳии вилоят, тақвияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва инъикоси он дар сомона, шабакаҳои иҷтимоӣ ва пурмуҳтаво намудани нашрияи ҳизбии “Сухани халқ” дастуру ҳидоятҳо дод.

Бо ҳамин кори ҷаласа хотима ёфт.                                            

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *