Рубрики
Last News

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТ БО ЗАНОН ҶИҲАТИ ПУРЗӮР НАМУДАНИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

Санаи 30-уми марти соли равон тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аз тарафи мудири бахши кор бо занон дар ҳамкорӣ бо раиси Шӯрои кор бо занони Ҷамоати деҳоти Понғоз бо мақсади аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон аз ҷумла, пурзӯр намудани пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, никоҳи барвақтӣ, пешгирии амалҳои экстремистӣ аз ҷониби занону бонувон ва дигар омилҳои зӯроварӣ бо занони деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғоз суҳбат доир гардид.

Дар суҳбат мудири бахши кор бо занони КИН Зиёбиддинова Г ҷиҳати пурзӯр намудани пешгирии зуроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, никоҳи барвақтӣ, рафторҳои бадахлоқона дар оила ва пешгирии амалҳои экстремистӣ аз ҷониби занону бонувон, инчунин, дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа, таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ва дигар масоили мубрами рӯзандешаҳои худро иброз дошт.

Раиси Шӯрои кор бо занони Ҷамоати деҳоти Понғоз Исоева Ш доир ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, тарбия намудани ҷавонон махсусан, ҷавондухтарон сухан намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо назар ба солҳои пеш дар деҳот сафи духтарон пас аз хатми мактаби миёна дар идома додани таҳсил ба муассисаҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ ҷалб карда шудаанд.

Сипас, сокинони деҳа Қодирова Л ва Мамадҷонова Ҳ фикру андешаҳои худро дар бораи сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбат ба зан, пойдору устувор нигоҳ доштани оила ва таълиму тарбияи фарзанд, ки маҳз аз оила ташаккул меёбад, суханронӣ намуда, якчанд маслиҳатҳоро дар боби оиладорӣ пешниҳод карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *