Санаи 23-августи соли 2022 дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, вакилон, собиқадорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.
Ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати Раёсати корӣ, котибот, комиссияи мандатӣ ва ҳайати таҳририя ба барррасии масъалаҳои дар рӯзномаи кори конференсия буда шурӯъ намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазхон доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давоми дуюнимсол ҳисобот дод. Дар баромади мавсуф зикр шуд, ки дар кори тақвиятбахшии фаъолияти ҳизбӣ иқдомҳои роҳандозинамудаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб – ташкили курсҳои бозомӯзӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Панҷакент, эълони аксияи “Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман”, тадбири муқоисакунии аъзои ҳизб ва ба низом овардани ҳаракати аъзо, таъсиси махзани ягонаи электронӣ, аз ҷониби кумиҷроияи вилоятӣ эълон шудани ҳафтаи аввали моҳ ҳафтаи тақвиятёбии корҳои дохилиҳизбӣ, озмуни ташкилоти ибтидоӣ, шуъба ва кумиҷроияи беҳтарин, баргузории рӯзҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии вилоят, эълони Ҷоизаи кумиҷроияи вилоятӣ барои беҳтарин муҳаққиқони соҳаи суханварӣ, таърих, санъат ва рӯзноманигорӣ мусоидат намуд. Самараи татбиқи амалии чунин ташаббусҳо буд, ки дар давраи ҳисоботӣ теъдоди аъзо 161 ҳазору 134 нафар расида, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ба 1432 адад расонида шуд. Мавсуф ҳамчунин оид ба натиҷаҳои интихобот ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, интихоботи президентӣ, тарғибу ташвиқи Паёмҳои Сарвари давлат, нишондодҳои Оинномавию Барномавии ҳизб, тақвиятбахшии фаъолияти кор бо занон ва ҷавонон, баргузории аксияву чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, вазъи пояи моддиву техникӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО муффасал истода гузашт.
Дар идомаи кори конференсия ҳозирин ҳисоботи раиси комиссияи тафтишоти назди КИВ ҲХДТ Шарифулло Абдуллозодаро оид ба вазъи молиявии кумиҷроияро дар давраи ҳисоботӣ шуниданд.
Дар баромадҳои музокирачиён – раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, устоди ДДҲБСТ Мунзифа Пӯлодова, собиқадори ҳизб Карамулло Одилов ва раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Тӯйғун Шарифзода қайд шуд, ки фаъолияти ҳизбӣ дар такя ба дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ маҷрои созандагиву бунёдкориро касб намуда, дар масъалаи нуфузи ҳизб дар ҷомеа, мавқеи собиқадорону ҷавонон дар ҷодаи фаҳмонидани ғояҳои ҳизб, алалхусус роҳандозии маҳфили “Пайванди наслҳо” ва тақвияти машғулияҳои мактаби захираи кадрҳои назди КИВ ҲХДТ хеле чашмрас аст.
Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар баромади худ таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбар дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарғиби дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург бозида, миёни аҳли ҷомеа маҳбубияти хосро соҳиб гардидааст. Муҳимтарин нукта он аст, ки халқ ба ҳизб ҳамчун нерӯи созанда ва раҳнамо эътимод дорад ва ба он такя мекунад. Қобили зикр аст, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳнамоиву дастгириҳои бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар гардида, мақоми он миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ волову муассиртар гардида истодааст. Бо иштироки бевоситаи Раиси муаззами ҳизб мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Исфара, Кӯҳистони Масчоҳ, Масчоҳ, мулоқоти озоду самимии Раиси ҳизб бо фаъолон ва чанд рӯз қабл дар остонаи ҷашни таърихии давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани сохтмони бинои маъмурии кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии Конибодом ва Истаравшан бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.
Мавсуф дар идомаи баромади хеш аз ҳизбиён даъват ба амал овард, ки барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, таълимоти ғайрирасмии динӣ аз ҳар вақта дида бештар масъулият ҳис намоянд ва бо амалу дониши баланди сиёсӣ барои то ба мардум бурда расонидани дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ саъю талош варзанд. Фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ташаббускорӣ дар ҳама самтҳо аз авзалиятҳои ҳизбиён дар фаъолияти минбаъда бояд қарор гирад.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни баромад таъкид дошт, ки Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби фардосоз дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо саъю талошҳои пайвастаи Сарвари сиёсии худ дар роҳи бартарафсозии буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори эҳтирому арзёбии шоиста гардид. Аз ин рӯ, мардуми кишвар ҳамеша бо садоқат аз сиёсати ҳизб пуштибонӣ менамоянд ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари муаззами онро гиромӣ медорад.
Алҳол пешорӯи ҳизбиёни кишвар ҳадафҳои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсонӣ меистад, ки фикр мекунам дар ин ҷода корҳои хубу шоиста дар давраи ҳисоботӣ роҳандозӣ гардиданд.
Боиси хушнудист, ки нерӯ ва тавоноии ҳизб дар ҷомеа марҳила ба марҳила ва беш аз пеш эҳсос мешавад. Ба сафи ҳизб шомил шудани наздик ба 600 ҳазор аъзо ва таъсис ёфтани сарҷамъ шудани онҳо дар беш аз 7000 ташкилотҳои ибтидоӣ баёнгари гуфтаҳои болоиянд. Агар маҳбубият пайдо кардани ҳизб дар ҷомеа пеш аз ҳама аз хизматҳои мондагори роҳбари муаззами кишвар дар назди халқу миллат бошад, аз сӯи дигар таваҷҷуҳи сарвари ҳизб дар мавриди тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ маҳсуб мешавад.
Номбурда барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ дар самти ҷалби аъзо, таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоӣ, кор бо муҳоҷирон, такмили хоҷагиҳои ёрирасон ба масъулин дастурҳо дод.
Дар идома вакилон аъзои нави кумиҷроия, ҳайати нави комиссияи тафтишотиро тасдиқ намуданд.
Бо ҷонибдории вакилон рӯзноманигор Абдусабур Абдуваҳҳобов сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” интихоб гардид.
Бо иштироки аъзои нави кумиҷроия ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд доир шуда, 15 нафар аъзои нави Раёсат интихоб шуданд. Ҳамчунин Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ризоияти роҳбариятии олии ҳизб Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Замира Мансурӣ, муовини Раиси КИВ ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардиданд.
Дар фуроварди конференсия чанде аз фаъолони ҳизб бо Сипоснома МИҲД-и вилоят, кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ, медали ҷашнии ҳизб сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин Ваҳҳоб Набиев дар риштаи таърих ба номи профессор Саъдулло Абдуллоев, Тоҷибой Султонӣ дар риштаи забон ва адабиёт ба номи профессор Абдулманнони Насриддин, Ҳусейн ҷон Юсупов дар риштаи санъат ба номи профессор Наим Ҳакимов ва Муродулло Почозода, дар риштаи журналистика ба номи дотсент Ҳасан Шарипов барандагони Ҷоизаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дониста шуданд. Ба онҳо шаҳодатнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд
Бо садо додани суруди миллӣ конференсия ба кори худ анҷом бахшид.