Тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд нимаи дуюми 13.04.2021 дар толори Коллеҷи технологии шахри Конибодом Мачлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо иштироки аъзоёни Раёсат баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси шаҳр Ғафурзода Заррина ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т. ширкат варзиданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар давраи семоҳаи аввали соли 2021 шунида шуд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома бо мақсади саривақт иҷро намудани маъракаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ва ба роҳ мондани корбариҳо дар ин самт Ситоди “Обуна – 2022” таъсис дода шуд.
Дар асоси масъалаи сеюми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлисии вакилони халқи шаҳр, узви Раёсати кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Раҳмонзода Гулчеҳра шунида шуд.
Тибқи масъалаи чорруми рӯзнома протоколҳои пешниҳоднамудаи ташкилотҳои ибтидоӣ доир ба қабул ба сафи ҳизб тасдиқ карда шуд.
Аз рӯи масъалаи панҷум Фармоишҳои Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом тасдиқ карда шуд.
Зимни ҷаласа инчунин доир ба рафти корбариҳо дар самти иҷрои саривақтии нақшаи даъвати баҳоронаи ҳарбӣ, сохтмони бинои маъмурии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, роҳандозии корҳои тарғиботӣ дар самти самараноку мақсаднок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози афкор сурат гирифта, дар ин ҷода супоришҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар фарҷом муовини Раиси шаҳр Ғафурзода Заррина доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баромад намуда, кумиҷроияро шарики боэътимоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар самти тадбиқи сиёсати давлату Ҳукумат номида, нақши онро дар пешрафти хоҷагии халқи шаҳр муҳим арзёбӣ намуд.