Санаи 13 апрели соли 2021 маҷлиси Раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Дар кори маҷлис аъзоёни Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони халқ, собиқадорон ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд. Дар маҷлиси Раёсат намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоидов Олимҷон Алиҷонович иштирок намуд.
Маҷлис баробари муқаррар намудани котибот бо баррасии 5 масъала кори худро идома дод.
Аз руйи масъалаҳои пешниҳодшуда муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ашурзода Рузӣ, раиси ТИ “Ҷамоати деҳоти Равшан” Нурзода Исоқ, раиси ТИ “Маорифчиён” Ниёзқулова Дилафрӯз, Раиси ТИ “Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод” Абдуллозода Зарина баромад намуда, доир ба пешрафти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ҳисобот ва андешаҳои худро баён намуданд.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоидов О А доир ба натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод давоми се моҳи соли 2021 андешаҳои худро баён намуда, ҷиҳати пешрафти самараноки фаъолият дастурҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба масъулон ва аъзоёни Раёсат расонид. Қайд карда шуд, ки ҳар як роҳбари ташкилоти ҳизбӣ ва аъзои ҳизбро зарур аст, ки масъулияти бештарро дар иҷрои дастурҳои раҳнамои КИМ ва КИВ ҲХДТ роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин номаи сипоси роҳбарияти кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррасро ба роҳ монданд, расонида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун дар фарҷоми маҷлис вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ доир ба беҳтар кардани масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ, омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои пешниҳодгардидаи курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроия (санаҳои 01-06 марти соли 2021 шаҳри Душанбе), иҷроиши самараноки нақшаю чорабиниҳо пешниҳоди мушаххас баён намуд.
Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо баррасии масъалаҳо кори худро анҷом дод.