Рубрики
Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

8 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси ҲХДТ, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ”, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он инчунин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок доштанд.Маҷлисро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ намуда, ёдовар шуд, ки санаи 5 июли соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонида шуданд, ки барои ҳар яки мову шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад.Сипас, аъзои Раёсат ва иштирокчиёни ҷаласаро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд.Дар кори маҷлис 11 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. 1. Дар бораи рафти маъракаи ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон2. Дар бораи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 20243. Дар бораи маъракаи обуна ба нашрияҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 20254. Оид ба рафти иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 30.01.2024 ҷиҳати таҳлили нашри маводҳо дар сомонаҳо ва саҳифаҳои фейсбукии кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо5. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 15.03.2024 ҷиҳати расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа дар арафаи Иди Саиди фитр6. Оид ба рафти иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 21.03.2024 «Дар бораи фаъолияти марказҳои дузандагӣ ва самаранок истифода бурдани таҷҳизоти дарздӯзӣ дар кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо»7. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 29.03.2024 ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон8. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 30.04.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба «Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»9. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 08.05.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонон»10. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 22.05.2024 ҷиҳати расонидани кумак ба ятимону бепарастон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат дар арафаи Иди Қурбон11. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 29.05.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ дар доираи «Рӯзи байналмилалии кӯдакон»Оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис гузориши иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Миралиён Қ.А., роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода А.У., муовини Раиси ҳизб Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, масъули Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Гулмаҳмадзода З.Г., мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ширинбеков С.А., мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Аминзода М., ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Бурҳонзода М.Т., инчунин ахбор вобаста ба самтҳои фаъолияти баъзе аз раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуд.Аз рӯи масъалаи якум “Дар бораи рафти маъракаи ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Миралиён Қ.А., гузориш дода, зикр намуд, ки дар қатори хусусиятҳои амалии маҷлисҳои ҳизбӣ фаъолнокии иштирокчиён ва фароҳам овардани имконият барои иштироки онҳо дар музокира ва пешниҳоди таклифҳо марбут ба мушкилоти рӯзмарра мавқеи махсусро соҳиб аст. Инчунин мавсуф қайд намуд, ки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар самти муқовимат бо хурофоту радикализм, бегонапарастӣ ва ифротишавӣ, яъне ҷалб кардани маърӯзачиён аз ҳисоби олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳаи идеологӣ, ҳамчунин ба сифати иштирокчӣ даъват кардани сокинони маҳалӣ фаъолият ва дар ҷараёни маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳо баргузор намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ боз ҳам корро ҷоннок намоянд.Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома “Дар бораи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2024” роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон баромад намуда, иброз дошт, ки нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2024” фарогири тамоми нуктаҳои Барномаи ҲХДТ буда, амалишавии дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизбро таъмин менамояд.Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома “Дар бораи маъракаи обуна ба нашрияҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2025” муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ гузориш дода, қайд намуд, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо масъулияти баланди ҳизбию ватандорӣ дар маъракаи обуна барои соли 2025 иштирок намуда, нақшаи обунаро иҷро намуда истодаанд ва аллакаи се кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз иҷрои нақшаи обуна барои соли минбаъда мужда расониданд.Вобаста ба масъалаи чорум “Оид ба рафти иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 30.01.2024, ҷиҳати таҳлили нашри мавод дар сомонаҳо ва саҳифаҳои фейсбукии кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо” ва даҳум “Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 22.05.2024, ҷиҳати расонидани кумак ба ятимону бепарастон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат дар арафаи Иди Қурбон” ҳисоботи масъули Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Гулмаҳмадзода Зафар шунида шуд. Дар баромади худ Зафар Гулмаҳмадзода зикр намуд, ки маълумоти мазкур фарогири таҳлили фаъолмандии кумитаҳои иҷроия дар шабакаи ҷаҳонии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ буда, баррасии нашри маводи таҳлилию вокунишҳо дар матбуоти даврӣ маҳсуб меёбад.Доир ба масъалаи даҳуми рӯзнома бошад мавсуф қайд намуд, ки дар доираи татбиқи амалҳои хайру савоб дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо ва дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, ки дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дар қаламрави ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳизбиён ва ҷонибдорони ҲХДТ аз тамоми идораву муассисаҳо фаъолона иштирок намуданд.Оид ба масъалаи панҷум “Рафти иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 15.03.2024 ҷиҳати расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа дар арафаи Иди Саиди фитр” ва масъалаи ёздаҳуми рӯзнома “Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 29.05.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ дар доираи «Рӯзи байналмилалии кӯдакон» мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ширинбеков С.А., баромад намуда, иброз дошт, ки бо дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Саиди Фитр, анҷом додани корҳои хайру савоб аз қабили дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятиму бепарастор маъюбону барҷомондагону дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анаъана даромадааст. Дар ин росто кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он инчунин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар арафаи Иди Саиди Фитр фитри рӯзаро ба оилаҳои ниёзманд, ятиму бепарастор маъюбону барҷомондагон ва дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа ҳамчун кумак дастрас намуданд.Оид ба масъалаи шашуми рӯзнома мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Аминзода Манижабону гузориш дода, иброз дошт, ки дар назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар 14 шаҳру ноҳияҳо сехҳои дӯзандагӣ амал менамояд, ки ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани занони деҳот саҳми арзанда мегузоранд.Дар навбати худ доир ба масъалаи ҳафтум “Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 29.03.2024 ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, масъалаи ҳаштум “Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 30.04.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба «Рӯзи ғалаба» дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва масъалаи нуҳум “Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 08.05.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Бурҳонзода М.Т., ҳисобот дод. Дар рафти баромади худ Бурҳонзода М.Т., инчунин зикр намуд, ки “Дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии сохторҳои дахлдор ва ҳизбиёни кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи сафарбаркунии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро намуданд.Зикр кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ва намояндагиҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонони синни даъватӣ барои ҷалби бештари сарбозони ихтиёрӣ хуб ба роҳ монда, дар даъвати баҳори 187 нафар ҷавонони ватандӯсту меҳанпарастро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуданд”.Нимсолаи дуюми соли равон марҳилаи муҳим ба ҳисоб рафта, дар ин муҳлат баргузории конференсияҳои ҳисоботи – интихоботии кумитаҳои иҷроияи ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, таҷлили 30 – солагии ҲХДТ ва дигар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ баргузор мегардад. Аз ин рӯ фаъолияти ҳизб дар ин марҳила бояд вусъат бахшида шавад.Баъди баррасии масъалаҳои рӯзнома, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *