Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Бо иштироки роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳим Хонзода, мудири шуъбаи молияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Файзизода Мирзоалӣ, аъзои Раёсати Кумиҷроияи вилоятӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳӣ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ҳусни оғоз бахшида, доир ба натиҷаҳои фаъолият дар давраи се моҳаи аввали соли 2024 гузориш дод. Таъкид гардид, ки масъулияти ҳизбиён ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ хеле боло рафта, диққати асосӣ барои тақвияти сафҳои ҳизб, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои соҳибдавлатӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву ватанпарастии азъо равона гардидааст.
Дар музокира раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба фаъолияти ҳизбиёни шаҳр ибрози андеша намуд.
Дар идома ҳозирин суханронии раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзодаро дар бораи ҷараёни амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуниданд.
Аз рӯи масъалаи сеюми ҷаласа- баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули (хориҷ, боздошт) аъзои ҳизб аъзои раёсат гузориши муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов гузориш дод. Ӯ зимни баромад гуфт, ки кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоятро мебояд, ки дар самти қабули аъзо, созмон додани ташкилоти ибтидоӣ мувофиқи дурнамо фаъолият баранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода зимни вазифагузориҳо баён дошт, ки ҳизбиён дар самти баргузории чорабиниҳо, гирифтани пеши роҳи зиёдаравӣ, таасубу хурофотпарастӣ аз ҳар вақта дида зиёдтар масъулият ҳис намуда, барои ҷалби сифатноки бештари аъзо, раванди корҳои созандагӣ дар биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии Панҷакет, Шаҳристон, Деваштич ва Ҷаббор Расулов, самаранок истифода бурдани хоҷагиҳои ёрирасон бештар саъю талош варзанд.
Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома – ҳайати нави аъзои ситод барои саривақт қабул намудани обуна мба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” тасдиқ гардид.
Абдураҳим Хонзода дар фуроварди ҷаласаи Раёсат барои пешравии фаъолият якчанд дастурҳои судманд аз қабили омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихобот, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, рафти хонишҳои сиёсӣ, ҳамкории самаранок бо ВАО дод.
Бо тасдиқи қарорҳои дахлдор чорабинӣ анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *