Рубрики
Асосӣ

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ​ “ШАҲРАКИ КОНСОЙ”-И​ НАЗДИ​ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН

​ ​ ​ ​ Имрӯз дар толори ҷамоати Консой мутобиқи Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои Қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ №7 аз 30 апрели соли 2021 “Дар бораи маъракаи ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Консой”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки ҳайати гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии ​ Абдураҳмон Хонзода – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд- Исмоилзода Зуфар Муртазохон,​ роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд —​ Бахтиёр Исматҷонов ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён​ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Консой”

​ Рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” барои соли 2022

Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ

Интихоби ҳайати нави Раёсати​ ташкилоти ибтидоӣ

Масъалаҳои ҷорӣ

​ ​ ​ Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор вобаста ба рӯзномаҳои маҷлис қабул гардиданд. Хонзода Абдураҳмон Умар – роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ сухаронӣ намуда, фаъолияти ташкилти ибтидии ҳизбиро “қаноатбаш” арзёбӣ намуд ва баҳри баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ​ ба ҳизбиён расонид.​

​ ​ ​ ​ ​ Дар поёни маҷлис барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи​ ҲХДТ​ фаъолон бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида, 8 нафар пешқадамони соҳа​ ба сафи ҲХДТ қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *